Сардор Исмоили Қоонӣ гуфт : Эрони исломӣ мудофеъи мазлӯм аст ва ҳаводиси муҳиммеро пуштибонӣ кардаасту имрӯз Исроил ба зиллат афтодааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, фармондеҳи сипоҳи Қудс афзуд : Исроил дар ҳоли ҳозир ба нуқтае аз зиллат расида, ки давр то даври худро симу радар қарор дода, то касе вориди ҳарими ӯ нашавад .
Қоонӣ хотирнишон кард : Имрӯз ба ҳавли қувваи илоҳӣ ва ба баракати ҳаракати Ҷумҳурии исломӣ ва рушди фарзандони Ислом дар зери сояи фарҳанги муқовимат баъзе аз рӯзҳо беш аз 30 амалиёт дар Каронаи бохтарӣ анҷом мешавад, ки расонаҳои онон талош бар баён накардани он доранд.
Фармондеҳи сипоҳи Қудс ҳамчунин гуфт : Ҳосили муқовимати мардум дар саҳнаҳои гӯногӯн иззат ва эҳтироме аст, ки насиби Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст .
Қоонӣ дар мавриди инки чи замоне интиқоми хуни сардор Қосими Сулаймонӣ гирифта хоҳад шуд гуфт : Бахше аз суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар интиқоми хуни ҳоҷӣ Қосим ҳамчун ихроҷи неруҳои низомии Амрико аз минтақа анҷом шудааст ; аммо сабки Ҷумҳурии исломии Эрон мутаносиб бо худ аст ва интиқомгириро дунбол хоҳад кард ва имрӯз зиндагӣ бар касоне, ки ин корро анҷом додаанд, танг шудааст .